БАҲОИ ҲАҚИҚИРО АЗ СУД ИНТИЗОРАНД

Октябрь 19, 2010 08:59

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни  ҷамъбасти 9 моҳа оид ба рушди иҷтимоӣ — иқтисодии ноҳия иброз намуд, ки вобаста ба таъмини иҷрои Фармони Президенти ҶТ аз 25 –уми июли соли 2010 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ»  чораҳои муайян андешида шудааст.    Вобаста ба истифодаи замин дар ноҳия 85 қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбат ба 47 нафар қонуншикан дастур ва  нисбат ба 78 нафар протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шуда, ба  миқдори  17 ҳазору 915 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.    Ҷиҳати пешгирии сохтмони ғайриқонунӣ ба 423 нафар шаҳрвандон огоҳнома дода шуда,   47 нафар дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 21 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.    Ҳамаи шахсони масъуле, ки дар самти истифодаи замин ба қонуншиканиҳо даст задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 7 нафар раиси ҷамоат, 16 нафар хизматчии давлатӣ ва кормандони сохтори меъмории ноҳия аз вазифа сабукдӯш  шуданд.    То имрӯз дар майдони 90,69 га замин тақсими ғайриқонунии замин ошкор шуда, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ  ба унвони раиси ноҳия  37 амр ва 19 эътироз ворид гаштааст, ки дар асоси он 46, 89 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.    Ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани 43,75 га қитъаҳои замин, ки дар онҳо 261 адад манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, мавриди истифода мебошанд, санад ва маводи зарурӣ таҳия гашта, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба суд пешниҳод  мешаванд.    Акнун тақдири 261 оиларо суд ҳал хоҳад кард, ки онҳо қонунан ҳуқуқи  зистро дар манзилҳои сохтаи худ доранд  ё хонаҳояшон ба хок яксон гардида,   сафи  «бомж»-ҳоро меафзоянд.

Октябрь 19, 2010 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад