БА 75 НАФАР КОРҶЎЁН РОҲХАТ ДОДА ШУД

Октябрь 11, 2010 16:47

        Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бахши робита бо  ҷомеаи Вазорати меҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад, ки  Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва  муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои  И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино  дар боѓи фароѓатию фарҳангии «Кўли ҷовонон»-и шаҳр дар санаи 8-уми октябри соли 2010-ум ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои  озодро баргузор намуд.             Дар ин ярмарка 26 корхонаю муасисаҳои  шаҳри Душанбе иштирок намуда,  ба корҷўён 2373 ҷойҳои  кории холиро  пешниҳод намуданд.             Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо  шабакаҳои телевизионии ТВТ-1, «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва « Баҳористон» гузориши муассисаҳо оид ба  баргузории ярмарка ва  ташкили ин  чорабинӣ, ки барои  бо шуѓл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат мекунад, сабт карда шуданд.             Тариқи ВАО муовини сардори Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Сино Назаров С. мутахассиси пешбари  муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ» Исроилов Ш. ва муовини сардори Сарраёсати Агентии шаҳри Душанбе Ҳакимов С. фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.             Дар ярмаркаи зикршуда ба 75 нафар корҷўён роҳхат дода шуд.   

Октябрь 11, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад