БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА Қ. БЕРДИМУҲАММАДОВ

Октябрь 28, 2010 09:47

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Қурбонгулӣ Маликгулиевич, Боиси сарфарозӣ ва фараҳмандии ман аст, ки Шумо ва тамоми мардуми туркманро ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Туркманистон  самимона шодбош мегӯям. Тӯли солҳои сипаригардида Туркманистони бародар бо роҳбарии Шумо ба дастовардҳои намоён дар соҳаи иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ноил гардида, нуфузу мартабаи он дар минтақа боло рафта, кишвари Шумо узви фаъоли созмонҳои ҷаҳонӣ гардид, ки ин барои таъмини амният ва сулҳу субот хизмат менамояд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар дар бобати манфиатҳои дуҷонибаи давлатҳоямон, ки шаҳодати муҳими сулҳу субот ва шукуфоии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тамоми имконият ва кӯшишҳоямонро равона месозем. Иҷозат диҳед, ба Шумо Қурбонгулӣ Маликгулиевичи мӯҳтарам, саломатии бардавом ва барои шукуфоии Туркманистони бародар дастовардҳои назаррас орзу намуда, ба мардуми дӯсти туркман саодати рӯзгор ва сулҳро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти сардори давлат хабар доданд.   

Октябрь 28, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад