БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА ХУ ТСЗИНТАО

Октябрь 4, 2010 11:03

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам ҷаноби Раис, Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимона ва орзуҳои  неки  маро ба унвони Шумо ва дар шахси Шумо ба мардуми бузурги Чин  қабул намоед. Бо такя ба ғановату мероси бойи фарҳангию таърихӣ, Чин солҳои охир ба комёбиҳои назаррас дар бахшҳои мухталиф ноил гаштааст. Бо шарофати нуфузи баланд, кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ нақш ва мавқеи муҳими созандаро дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ мебозад. Мо муносибатҳои дӯстона бо Чинро, ки аз санҷиши вақт гузаштаанд, комилан босубот ва дарозмӯҳлат арзёбӣ намуда, баҳои баланд медиҳем. Бо шарофати ҳамкориҳои муштарак ба мо имкон фароҳам шуд, ки заминаи ҳамкориҳои стратегиамонро мустаҳкам намуда, лоиҳаҳои ояндадорро дар соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ амалӣ намоем. Таъсис ва фаъолияти минбаъдаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай намунаи беҳтарин дар марҳилаи нав барои рушди муассири ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошад. Қадамҳо ва ташаббусҳои нав дар ин самт ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори бузурги муносибатҳои созандаи ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чинро фарохтар созем. Мехоҳам Шуморо, ҷаноби Раис, бовар кунонам, ки Тоҷикистон ҳамаи имконот ва чораҳои заруриро дар ин самт истифода ва амалӣ менамояд. Бо боварии қатъӣ изҳор медорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ба манфиати давлат ва халқҳоямон густариш ва рушд хоҳанд ёфт. Дар ин рӯзи фараҳбахши идона иҷозат диҳед ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Раис, саломатӣ, ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду ниятҳоятон дар самти шукуфоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва нигаҳ доштани мавқеи устувори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои беназир таманно намуда, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу саодатмандӣ орзу намоям.                 

Октябрь 4, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад