БАРНОМАҲОИ МАРВОРИДИИ «САФИНА»
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар нӯҳ моҳи соли равон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ба таври васеъ ба роҳ мондааст, қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали директори ТВ «Сафина» Абдурашид Хӯҷамқулов. Дар ин давра ташкил намудани чор танзимгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти техникии муосир, ки саривақтӣ ва барои телевизион зарурӣ буд, ба фаъолияти эҷодии кормандони муассиса беҳбудӣ бахшида, ҳамзамон, идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ бо утоқҳои нави корӣ ва танзимгоҳи иловагӣ таъмин гардид, ки ин омил ба пахши саривақтии барномаҳои иттилоотӣ мусоидат кард, қайд намуд ӯ. Ҷараёни омодагиҳо ба зимистон низ як мавзӯъи доимии барномаҳои «Навид» ва «Файзи саҳар» буд ва вобаста ба он дар хусуси захираи маводи хӯрокӣ, меваю сабзавот, хӯришҳо омода шуданд. Ҳамчунин, ду нашри барномаи мустақими «Шомиёна» ва барномаи «Манзари роз» низ ин мавзӯъи муҳимро матраҳ намудаанд. Вобаста ба ҷараёни корҳои барқарорсозиву расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба навоҳии аз офати табиӣ зарардида пайваста хабару гузоришҳо дар барномаҳои иттилоотӣ пахш гардиданд. Мавзӯи мазкурро, ҳамчунин, хабарнигорони намояндагиҳои муассиса дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи намоишҳои «Меҳрпайванд», «Сафинаи Сайҳун», «Бадахшон чатри симини замин аст…» пайгирӣ намуданд. Раванди корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида, ҳамчунин, дар барномаи «Шакл» инъикоси воқеии худро пайдо кард. Боис ба таъкид аст, ки тарғиби сарулибоси миллӣ ва риояи суннатҳои аҷдодӣ бо назардошти талаботи замон тайи се моҳи охир дар барномаҳои «Телевизиони Сафина» мавқеи хосса пайдо кард. Вобаста ба ин мавзӯъ намоиши «Эҷод» бо иштироки тарроҳи машҳури тоҷик Мукаррама Қаюмова таҳия ва пахш гардид. Кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» минбаъд низ ҷиҳати саривақту оҷилӣ ба ҷомеа расонидани рӯйдоду воқеоти рӯзмарра ва дар ин замина тарғиби ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти худро боз ҳам пурсамар менамоянд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






