БАРРАСИИ МАСОИЛИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 15, 2010 12:13

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ  Фаррух Ҳамралиев, сафири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ивар Вики ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалию донорҳо ширкат варзиданд. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ф.Ҳамралиев дар бораи дастовардҳои пас аз ҷаласаи аввали Шӯрои ҳамоҳангсозӣ маълумот дода, мақсад ва вазифаҳои ҷаласаи мазкурро шарҳ дод. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба МОИ Тоҷикистон, бахусус рафти татбиқи Барномаи (Матритсаи) чорабиниҳои Маъмурияти МОИ «Суғд» дар солҳои 2010-2011, Барномаи тадбирҳои рушди МОИ «Панҷ» барои солҳои 2010-2011 ва дурнамои фаъолияти МОИ «Ишкошим» ва вазифаю масоили дар ин самт мавҷудбуда муҳокима ва баррасӣ гардид.   Ҳамчунин, дар маҷлиси Шӯро роҷеъ ба имкониятҳои ташкили Маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодкунии савдо ва ислоҳоти гумрукӣ, консепсияи ташкили маркази логистикӣ дар водии Фарғона ва амсоли инҳо табодули назар карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки ҷиҳати фаъолгардонии МОИ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.

Октябрь 15, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад