БАЗМГАҲИ РӮЗИ ЗАБОН КУҶОСТ?

Октябрь 4, 2010 14:44

      Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 октябр таҷлил мегардад, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи чорабиниҳои идона таҳрезӣ гардид.     Тибқи иттилои сардори шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе Шаҳло Мӯсоева, 5 октябр дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон»  ва «Майдони 800-солагии Москва»  сайругашти идонаи сокинону меҳмонони пойтахт ва базмҳои шеъру суруд  ташкил гардида, намоиш — фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда мешавад.      Шаҳло Мӯсоева афзуд, ки маркази асосии таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пойтахт Боғи устод Рӯдакӣ мебошад. Дар ин ҷо бо иштироки донишмандону устодон, забоншиносони варзида, устодони санъат ва ҷавонони эҷодкор чорабинии идонаи шаҳрӣ гузаронида мешавад.         Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Забон бақои миллат аст» конфронси илмӣ ва  намоишгоҳи китоб ташкил карда мешавад.        Ҳамзамон,  дар асоси ин қарор кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва биноҳое, ки дар он чорабиниҳо гузаронида мешаванд,  идона оро дода шудаанд, ки ин аз таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе шаҳодат медиҳад.

Октябрь 4, 2010 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад