БОЗ ДИЛИ ЯК САРОЯНДАИ МАҲБУБ АЗ ТАПИШ МОНД

Октябрь 25, 2010 10:30

 Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз сарояндаи номдору маҳбуби тоҷик Ҳанифа Мавлонова дар синни 87 солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт.             Тамошобин ӯро ҳамчун иҷрокунандаи нақши Гулрӯ аз операи «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов хеле хуб дар ёд дорад.             Ӯ, инчунин, нақши Татяна дар операи «Евгений Онегин»-и Петр Чайковский, Леонор дар «Трубадур»-и Джузеппе Верди, Ярославнро дар «Князе Игор»-и Александр Бородин ва дигар нақшҳоро дар сатҳи олӣ иҷро намудааст.             Ҳанифа Мавлонова дар сурудани сурудҳои «Шашмақом» маъруф гардидааст. Ӯ яке аз овозхонҳои беҳтарини ин жанр дар баробари сарояндаи машҳури давр Барно Исҳоқова шинохта шудааст.             Ҳ. Мавлонова соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Сипас аз соли 1939 то 1943 дар Театри драмавӣ-мусиқии шаҳри Ленинобод фаъолият намудааст. Аз соли 1943 ӯ овозхони драмавии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айни шаҳри Душанбе кор кардааст.    

Октябрь 25, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад