БОЗДИДИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК АЗ АМРИКО

Октябрь 6, 2010 15:13

Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи барномаи амрикоии «Ҷаҳони боз» мутахассисони  бахши идораи таҳсилоти миёна, идораи таълимоти касбӣ, кормандони бахши ҷавонон ва иштироки шаҳрвандии Тоҷикистон аз Амрико баргаштанд. Онҳо муддати ду ҳафта дар шаҳрҳои Боулдер, Колорадо, Восоу Висконсин, Линколн, Росчестер ва Ню-Йорк бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Амрико ошно гардида, таҷрибаи ҳамкасбони амрикоии худро омӯхтанд.         Зимни бозгашт ба Тоҷикистон ҳайати мутахассисони тоҷик дар нишасти хабарӣ ба намояндагони васоити ахбори омма таассуроти худро доир ба Амрико баён карда, иброз доштанд, ки Амрико яке аз кишварҳои пешрафта ва мутараққии дунё буда, бо ҷомеаи мардумсолории худ дар аксари соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Бахусус, дастовардҳои ин кишвар дар бахши маориф, илму фарҳанг ва техника хеле назаррас аст.       Мутахассисони тоҷик дар зарфи 10 рӯз дар оилаҳои амрикоиҳо зиндагӣ карда, бо анъана ва суннатҳои мардуми ин кишвар ошно гардиданд. Инчунин, онҳо ба амрикоиҳо таъриху анъана ва фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ карданд. Иштирокчиёни барномаи мазкур зимни ибрози назар афзуданд, ки метавон баъзе аз афзалият ва пешрафтҳои ҷомеаи Амрикоро дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дод.           Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Барномаи «Ҷаҳони боз» Анора Акбарова барномаи мазкур ягона  барномаи мубодилавӣ буда,  дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти Амрико аст. Он аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ  мегардад. Барномаи «Ҷаҳони боз» аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар доираи он ҳудуди 140 нафар мутахассисони тоҷик аз Амрико боздид намуда, таҷриба андӯхтаанд.

Октябрь 6, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад