БОЗДОШТИ ҚОЧОҚЧӢ АЗ САМТИ ПАРВОЗ
Душанбе 20 октябр (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 17-уми октябри соли ҷорӣ кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 222 самти Душанбе-Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Фарҳодбеков, соли таваллудаш 1977-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии ҶТ гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Кормандони гумрук ҳангоми азназаргузаронӣ аз зери либоси Фарҳодбеков ду бастаи селофании бо маводи ба героин монандро дарёфт ва мусодира намуданд. Маводи нашъаовари дарёфтшуда навъи героин буда, вазнаш 494,8 граммро ташкил дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






