БОЗГАШТИ ҲИСОР БА ЭҲЁИ НОМҲОИ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«То ҷашни 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 деҳа ва 4 ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор табдили ном мекунанд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Баҳриддин Солеҳов. Мавсуф афзуд, ки иваз кардани номи ҷамоату деҳаҳо эҳёи номҳои қадимаю таърихӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пос доштани муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба шахсиятҳои барҷастаи миллию таърихии сарзаминамон мебошанд, ки дар рушди давлатдории тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар ноҳияҳои кишвар бо гузашти 20 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то ҳанӯз номҳои баъзе шаҳраку деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин ба номҳои тоҷикию таърихӣ табдил нагардида, бо истилоҳоти даврони Шӯравии собиқ ва ғайри тоҷикӣ ифода мегарданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






