БОЗИИ БУРДНОКИ «ПОМИРЭНЕРҶӢ»

Октябрь 11, 2010 15:01

Бадахшон, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).—Ширкати «Помирэнерҷӣ» ба хотири ҳавасманд намудани муштариёнаш аз василаҳои гуногуни тарғиботӣ истифода мебарад.Ширкат барои муштариёне, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардохтаанд ва ё маблағи пешпардохт доранд, бозии бурднок доир  менамояд. Чанде пештар чунин бозии бурднок дар ноҳияи Шуғнон гузаронида шуд.Тибқи иттилои ширкат дар ноҳия беш аз 5 ҳазор оила аз истифодаи нерӯи барқ бархурдор буда, 503 нафари онҳо дар ин бозӣ ширкат варзиданд. Дар бозии бурднок фурӯзонакҳои каммасраф, дарзмол, ДВД, нонпази барқӣ, гармкунакҳои барқӣ, телефони мобилӣ, телевизори  ранга ва молҳои дигар гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки қариб 80 фоизи ғолибони озмун сокинони деҳаи Питоби ҷамоати Сучон буданд. Тавре аз қароргоҳи ширкати «Помирэнерҷӣ» иттилоъ доданд,  рӯзҳои наздик чунин бозиҳо дар дигар навоҳии вилоят низ баргузор мегарданд.  

Октябрь 11, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад