БОЗПАС ГИРИФТАНИ ПУЛҲОИ ФАРСУДА

Октябрь 22, 2010 12:59

Душанбе, 22 октябрь. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Айни замон меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои амонатҳо бо пули 7,0 фоиз ва барои асъори хориҷӣ 9,0 фоизро ташкил дод, чунин зикр кард дар нишасти матбуотии ҷамбасти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.    Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки ҳаҷми пулҳои захиравӣ то санаи 30 сентябри соли ҷорӣ 2714,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,1 фоиз (544,2 миллион сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда 2,3 миллиард сомониро ташкил кард, ки аз он 20,3 миллион сомониаш тангаҳои филизӣ мебошанд.    Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот бароварда шуда 546,5 миллион сомониро ташкил намуда, 239,2 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд, гуфт дар хотима Ш.Раҳимзода.

Октябрь 22, 2010 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад