БУНЁДИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони Қасри фарҳангии ҷавонон бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.Дар иншооти мазкур айни замон корҳои асосӣ ба анҷом расида, қисмати дуюми корҳо, аз қабили рангуборкунӣ, пардоздиҳӣ ва ороиши бино босуръат ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки бунёди ин иншооти ҷашниро Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бар ӯҳда дорад. Ёдовар мешавем, ки маблағгузорони иншооти мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, барои бунёди он беш аз 7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






