ДАСТОВАРДҲОИ ШАТРАНҶБОЗОНИ ТОҶИК ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дастаи занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври 9-уми Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, бар тими Ироқ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова ва Мутрибаи Илҳом бар рақибонашон дастболо шуда, Асила Мӯҳтоҷзода мағлуб гашт. Мавриди зикр аст, ки дастаи занонаи Тоҷикистон баъди 9 бозӣ — 4 ғалаба, 1 мусовӣ ва 4 бохт — бо 9 имтиёз дар байни 115 даста дар ҷои 60-ум қарор дорад. Дастаи мaрдонаи шатранҷбозони тоҷик бо 10 имтиёз — 4 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 3 бохт — дар байни 149 даста ҷои 49-умро гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар 11 давр, то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.