«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҳаллаҳои рақамҳои 32 ва 104, биноҳои истиқоматии ноҳияҳои Сафо ва Қайроққум, биноҳо дар хиёбони Айнӣ – дар ин ҷойҳо рӯзҳои наздик хизматрасонии «Интернет барои хона» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас мегардад. Оператор ба дастрасии интернети босуръати ноқилӣ дар биноҳои серошёна, маҷмааҳои нави истиқоматӣ ва иншооти тиҷоратии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Соли 2025 фарогирии GPON боз дар се маҳаллаи сераҳолаии Душанбе, ки зиёда аз 9 300 ҳуҷраро дар бар мегирад, пайдо шуд.
Асоси рушди дастрасии собити баландсуръатро ба интернет (ТМСБ) технологияи муосири GPON – Gigabit Passive Optical Network ташкил медиҳад. Он пайвастшавии устуворро бо суръати то 1 Гбит/с кафолат дода, барои интиқоли сигнал дар масофаҳои дур бе талафот имкон медиҳад ва ҳатто ҳангоми сарбории зиёди шабака кори боэътимоди интернетро таъмин менамояд. Илова бар ин, кори муътадили Wi-Fi дар дохили хонаводаҳо таъмин мегардад. Вазифа – ба сокинони пойтахт пешниҳоди хизматрасоние аст, ки барои тамоми оила барои якбора онлайн будан кумак мерасонад: ба таври дурдаст иҷро намудани вазифаҳои корӣ, омӯхтан, истироҳат кардан ва ҳамеша дар алоқа мондан.
«Интернет барои хона» теъдоди ҳарчи бештари маҳаллаҳои Душанберо фаро мегирад. Дар айни замон ширкат силсилаи нави тарофаҳоеро, ки талаботи гуногуни истифодабарандагони дастрасии собитро ба инобат мегиранд, омода менамояд. Ҳамзамон пешниҳодҳои муфиди баставӣ, ки ҳузуру ҳаловат ва сарфакориро омезиш медиҳанд, таҳия мегарданд. Хизматрасонӣ низ беҳтар мешавад: акнун муштариён метавонанд мустақилона имконияти пайвастшавиро аз рӯи суроғаи худ бисанҷанд ва дар сомонаи home.megafon.tj, бе зарурати занг задан ба маркази тамос дархост гузоранд.
«Бо беҳтар намудани дастрасӣ ба интернет-технологияҳои муосир мо фаъолона трансформатсияи рақамии ҷумҳуриро дастгирӣ менамоем. Ҳадафи мо – на танҳо васеъкунии фарогирӣ, балки таъмин намудани муштариён бо хизматрасонии баландсифат ва суръати пайвастшавӣ мебошад. Моҳҳои наздик «Интернет барои хона» боз барои ҳазорҳо хонаводаҳо дар Душанбе дастрас мегардад», — мегӯяд роҳбари самти корбурд ва инкишофи ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Баҳром Носирҷонов.
Маълумоти муфассал оид ба хизматрасонии «Интернет барои хона» – дар сомона ё идораҳои наздиктарини ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






