Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад, ин ҳашар дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии «Seven Lakes» гузаронида шуда, ҳадафи асосии он аз баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим иборат буд.
Дар ҳашар кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ ва Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни дохилӣ ва хориҷии Эко-ниммарафони «Seven Lakes» дар тозакунии маҳал саҳм гузоштанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






