ДАСТРАСИИ 108 ҲАЗОРУ 508 НАФАР БА ГАЗ

Октябрь 4, 2010 11:54

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти омори Ҳукумати шаҳри Душанбе, то 10 –уми августи соли ҷорӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз» масъалаи ҷамъоварии маблағи истифодаи газро ба таври пурра анҷом надодааст ва ин   масъала яке аз мушкилоти «Душанбегаз» боқӣ  мемонад.    Мутахассисони соҳаи газ дар давоми  8 моҳи соли 2010 92,6 фоизи маблағи истифодаи газро аз аҳолӣ ҷамъ овардаанд, ки 67,1 фоизи он ҳиссаи худи шаҳрвандон аст.    Дар ин муддат интиқоли газ ба пойтахт 1млн.621,5 ҳазор метрии кубиро  ташкил додаст. Шумораи умумии газистифодабарандагони пойтахт бошад то 10 –уми августи соли ҷорӣ 108 ҳазору 508 нафар ба қайд гирифта шудааст.    Пас саволи матраҳ ин аст, ки шаҳре, ки нуфуси аҳолии он  наздик ба 1 млн. нафар    мерасад ва ин идораҳои номӣ сар карда  аз КВД «Нафту газ», КВД «Тоҷикгаз», «Душанбегаз», «Горгаз», «Райгаз», ки аз ӯҳдаи таъмини 10 фоизи аҳолии шаҳр  бо ин навъи маводи сӯхт баромада наметавонанд, ба кӣ хизмат мекарда бошанд ? Ё    номи калону деҳи вайрон доштан  зарур аст ?                 

Октябрь 4, 2010 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад