ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м : 1) Таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад. 2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд. 3) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд. 4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омўзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намояд. 5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ), инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад; 6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо дар бинои хобгоҳи литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ҷойгир намояд; — дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд; — дар мўҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 6 октябри соли 2010 №934 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанбе Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м : 1) Таъсиси филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад. 2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд. 3) Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд. 4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омўзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намояд. 5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва», инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад. 6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар бинои идораи Корхонаи воҳиди давлатии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» ҷойгир намояд. — дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд. — дар мўҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 6 октябри соли 2010 №935








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






