ХАТСАЙРИ ИЛОВАГӢ АЗ ҚУРҒОНТЕППА БА МАСКАВ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» 3 хатсайри иловагии доимиро ба хатсайри Қурғонтеппа-Маскав-Қурғонтеппа ворид менамояд. Ҳамин тавр, шурӯъ аз 2 ноябр парвози ҳавопаймо аз вилояти Хатлон ба пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки хатсайри доимӣ аз Қурғонтеппа ба Маскавро ширкати ҳавопаймоӣ дар охири соли 2008 кушода буд ва моҳи сентябри соли ҷорӣ ба он дуюмин хатсайри иловагӣ дохил карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






