ХИЁБОНИ НАВ ДАР СУҒД

Октябрь 12, 2010 10:46

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар шаҳри Хуҷанд корҳои тарроҳӣ ва сохтмони  хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Тавре ба мо сардори  ҶСК «КСМ-119»-и шаҳри Хуҷанд Воҳид Юсупов хабар дод, дар  бунёди  ин иншоот сохтмончиёни ҷамъияти мазкур ва колоннаи сайёри механиконидашудаи 5-уми  шаҳр саҳм мегузоранд. Барои бунёди хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. Дар назар дошта шудааст, ки  дар шафати ин хиёбон  майдони калони теннисбозӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ бунёд мегарданд. Бояд гуфт, ки иншооти мазкур то ҷашни 20 солагии Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Октябрь 12, 2010 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд