ХИЗМАТРАСОНИИ СУҒУРТАВӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар нӯҳ моҳи соли 2010 ба 4,3 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 8 миллиону 4 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намуд, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов. Ҳамчунин, директори «Тоҷиксуғурта» гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ба буҷаи ҷумҳурӣ оид ба ҳамаи намудҳои андоз 2 миллиону 567 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки 1 миллиону 491 ҳазор сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин муддат мувофиқи ҳисоботи фаврӣ натиҷаи фаъолияти молиявии ширкат 540 ҳазор сомониро ташкил додааст. Мақсад ва мароми ширкати «Тоҷиксуғурта» дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ ворид шудан ба бозори суғуртаи ҷаҳонӣ, бархурдор шудан аз пешрафти кори ҳамкасбони хориҷӣ, иштирок дар эҷоди барномаҳои ҳамкорӣ бо дӯстони бурунмарзӣ, мустаҳкам намудани нуфуз ва эътибори суғуртаи давлатӣ, дастгирӣ ва кӯмаки эҳтиёҷмандон дар рӯзҳои сахти зиндагиашон мебошад. Дар охир зикр гардид, ки аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта мувофиқи маълумоти фаврӣ 34 миллиону 76 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи нӯҳмоҳа 128, 3 иҷро шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






