«ХУНИ САФЕД» ДАР САҲНАИ МАЯКОВСКИЙ

Октябрь 18, 2010 11:52

Душанбе, 18 октябр (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова) .- Шоми имрӯз 18 октябр дар театри ба номи В. Маяковский намоишномаи театрии «Хуни сафед» (Белая кровь), аз рӯи асари Лоренс Левассер "Белая кровь" намоиш дода мешавад, ки он дар чаҳорчӯби ифтитоҳи ҳафтаи Аврупо гузаронида мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази фарҳангии «Бактрия» хабар доданд. Дар доираи чорабинии фарҳангии мазкур, ки бо сарпарастӣ ва иштироки фаъоли Маркази фарҳангии «Бактрия» доир мегардад, намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар бораи намоишномаи театрии «Сагҳо» (Собаки), баргузории намоишгоҳ ва барномаи консертии «Наздик ба Аврупо» (Ближе к Европе), барномаи фароғатии аудио-визуалии «ларзиши мусиқӣ» ё ин ки барномаи консертии муштараки Ива Дормуа ва  Антуана Бержо  аз Фаронса ва гурӯҳи номдори тоҷик «Мизроб» дар назар аст. Ҳамаи чорабиниҳои ҳафта дар театрҳои ба номи В. Маяковский, «Падида», Кохи Ваҳдат ва дар худи Маркази фарҳангии «Бактрия» гузаронида мешаванд.   Чун анъана дар чаҳорчӯби ҳафтаи Аврупо, ҳамчунин, ҳафтаи филмҳои аврупоӣ доир мегардад, ки он ба сокинони шаҳри Душанбе имконият медиҳад, аз 19 то 24 октябр дар толори хурди «Ҷомӣ» беҳтарин филмҳои синамогарони Аврупоро тамошо намоянд. Даромад ба ҳамаи чорабиниҳои ҳафтаи Аврупо ройгон аст. «Душанбегиҳо дар ин рӯзҳо метавонанд на танҳо шоду фараҳманд бошанд, балки шабҳои тирамоҳро хуш гузаронида, ҷаҳони ботинии худро бой ва ҷаҳонбиниашонро ғанӣ гардонанд» мегӯянд ташкилкунандагони ҳафтаи Аврупо.  

Октябрь 18, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад