ХУШНАВИСОН ДАР ОСОРХОНАИ БЕҲЗОД ҶАМЪ МЕОЯНД

Октябрь 11, 2010 15:41

      Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи осори хаттотони эронӣ 12 октябр дар осорхонаи Беҳзоди Душанбе оғоз меёбад.       Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори муассисаи фарҳангии ЭКО ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмон дода шудааст.      Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, ҳадафи намоишгоҳ муаррифии ҳунари хушнависони эронӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвар аст. Дар намоишоҳ осори ҳунари беҳтарин хаттотони эронӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.        Ҳ. Ширхонӣ афзуд, ки ҳунари  хаттотӣ дар Эрон таърихи қадимаи беш аз 500 сола дошта, хеле маъмул ва ташаккулёфта аст. Ин аст, ки дар Эрон Анҷумани хушнависон созмон дода шудааст. Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ  раиси Анҷумани мазкур Амирхонӣ ва устодони шинохтаи ҳунари хушнависии Эрон ба мисли Ҳайдарӣ ва Кобулӣ ширкат менамоянд.       Қабл аз оғози намоишгоҳ дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо иштироки сафирони кишварҳои узви ЭКО нишаст баргузор хоҳад шуд. Намоишгоҳ тӯли ду ҳафта идома меёбад.

Октябрь 11, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад