ИНШООТИ ҶАШНИИ БОХТАР
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 73 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.Аз ҷумла, сохтмони литсей-интернати президентӣ, хона-интернат, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 450 ҷойи нишаст, Қасри фарҳанги ноҳия барои 200 ҷойи нишаст, варзишгоҳ ва дигар иншоот торафт вусъати тоза меёбад. Ғайр аз ин дар се ҷамоати ноҳия-ҷамоатҳои Бохтар, Бохтариён ва Бӯстонқалъа бунёди мактабҳои наву замонавӣ босуръат ҷараён дорад.Баробари бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти ҷашнӣ 300 нафар мардуми ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва маоши мувофиқ таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки маблағгузорони ин иншооти ҷашнӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ва соҳибкорони ноҳия мебошанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






