ИСҚОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҲАМЛ

Октябрь 29, 2010 14:51

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлони, соати 12.00 аз ҷониби кормандони ШКД, Усмонова Дилфуза Ирисбоевна, соли тавалудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Ворошилов, ҷамоати деҳоти Истиқлол, директори «Маркази танзими оила» дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритӯс, дастгир шуд, ки ў бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Бердиназарова Ҳалима Болтаевна, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, ҷамоати деҳоти Фирўза, деҳаи Гулзор, бекор, бархилофи қоидаҳои муқаррар намудани мақомоти ҳифзи сиҳатии омма дар маркази танзими оила, ки муассисаи амбулатории тиббӣ мебошад, исқоти ҳамли Ҳалима, ки мӯҳлати ҳомиладории ў 16 ҳафта буд, ғайриқонунӣ мегузаронад. Тахминан дар давоми 5-10 дақиқаи ҷараёни гузаронидани исқоти ғайриқонунии ҳамл шаҳрванд Бердиназарова Ҳ. ба ҳалокат мерасад. Нисбат ба шаҳрванд Усмонова. Д бо моддаи 123 қ.3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Октябрь 29, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд