ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ ЗАБОН

Октябрь 5, 2010 08:38

    Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Cубҳи имрўз, 5 октябр ба муносибати Рўзи забони давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ оғоз ёфт, ки дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.   Барои иштирок дар ин ҷамомад аъзои парлумону ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла роҳбарият ва кормандони Академияи илмҳо, роҳбарон ва устодону донишҷўёни фаъоли муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар шахсони масъул даъват шудаанд.      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозирини толор ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки аз соли 2009 ин ҷониб, яъне баъди қабули қонуни нави забони давлатӣ, ки ба рўзи 5 – уми октябр рост омада буд, минбаъд маҳз ҳамин рўз ҳамчун Рўзи забони давлатӣ дар кишвари мо таҷлил мегардад.   «Азбаски рўзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид», — таъкид гардид дар суханронии Сарвари давлат.    Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи босамари қонуни нахустини забони давлатӣ, ки 22 – юми июли соли 1989 дар замони шўравӣ таҳия ва қабул гардида буд, ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо гузашти 20 сол аз он замон зарурати қабули қонуни нав ба миён омад.    Дар суханронӣ зикр гардид, ки «қонуни нав вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.    Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар низ муқаррар гардидаанд».   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз зарурати омўзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ изҳор дошт: — «дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав ҷавонон бояд дар қатори забони давлатӣ на камтар аз ду забони хориҷиро низ донанд ва бо онҳо озодона муошират карда тавонанд».   Дар мавриди риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забони ақаллиятҳои миллӣ таъкид гардид: — «ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки бо мо дар як сарзамин зиндагии муштарак доранд, тибқи қонунгузорӣ дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Мо ба ҳама забонҳо ва фарҳангҳо арҷ мегузорем».     Ҳамзамон бо ин таъкид карда шуд, ки «имрўз дар Тоҷикистон як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад. Ин дар тамоми дунё як падидаи мусаллам ва табиӣ мебошад».   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки бо таҳияи Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ дурнамои рушди забони давлатии моро муайян ва тарҳрезӣ намоянд.  Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, бояд панҷ масъалаи муҳим маҳаки асосии ин барномаро ташкил диҳанд. Инҳо ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳоти илмию техникӣ, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, таҳия ва чопи китоби мукаммали таърихи адабиёти тоҷик ва донистани забони давлатӣ аз ҷониби ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус кадрҳои роҳбаркунанда мебошанд.    Дар мавриди донистани забони давлатӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».    Дар фароварди суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки «дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «қонуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, чун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он барои насли имрўзу фардои миллат хизмат бикунад».   Пешниҳод аз ҷониби аҳли толор бо хушнудию қаноатмандӣ пазируфта шуд.    Дар ин ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин як қатор олимони шинохтаи соҳа ва адибони тоҷик суханронӣ намуда, андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодоти худро барои рушду нумуи минбаъдаи забони тоҷикӣ чун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён мегузоранд.

Октябрь 5, 2010 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд