ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ — ИҶТИМОӢ ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина боло бурдани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат Муассисаи давлатии Маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» ислоҳоти иқтисодӣ — иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ давом дода мешавад,- гуфт директори муассисаи мазкур Маҳмудҷон Хабиров дар конфронси матбуотӣ. Ислоҳоти замин ҷузъи муҳими ин ислоҳот аст, ки ҳадафи он дигаргун кардани сохтори хоҷагидорӣ мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин маврид бо ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, ки Бонки Ҷаҳонӣ яке аз онҳост. Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд — як ҷузъи Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба маблағи беш аз 10 млн. доллари амрикоӣ грант ҷудо намудааст. Ҷиҳати амалӣ кардани ин лоиҳа бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 19 –уми сентябри соли 2005 Муассисаи давлатии Маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» таъсис дода шудааст, ки он чун ҷузъи Барномаи давлатии паст кардани сатҳи камбизоатӣ башумор рафта, ба беҳтар грдидани вазъи рӯзгори сокинони деҳот равона шудааст. Ҳадафи лоиҳа, азнавташкилдиҳии корхонаҳою ташкилоти кишоварзӣ ва дар заминаи онҳо ташкил додани хоҷагиҳои дехқонии оилавию инфиродӣ, корҳои геодезӣ, заминсозӣ, харитасозӣ ва бақайдгирӣ бо технологияи электронӣ мебошад.