КОНФРОНСИ ҲУҚУҚӢ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 4-5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии низомҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмиллалӣ ва амалияи Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар кори конфронси мазкур иштироки раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии 20 давлати ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст. Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябри соли равон аз таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол сипарӣ мешавад. Бо ин назардошт, тибқи банди 41 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2010 №30 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






