КОНФРОНСИ ИЛМӢ — АМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 4, 2010 11:49

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти корманди ташкилоти кӯмакрасони ғайридавлатии «СПИД Фонд Восток- Запад»-и Голландия Дилшод Пӯлодов, 6-7 –уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси 2- юми илмӣ — амалии Осиёи Марказӣ оид ба ВИЧ/сил дар мавзӯи «Роҳ барои дастрасии ҳаматарафа» доир мегардад. Дар кори Конфронс ширкати беш аз 100 намояндаи хизмати давлатии тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи  муассисаҳои ислоҳоти ҷиноятӣ ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба мавзӯи ВИЧ/сил аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки  барномаҳоеро дар соҳаи ВИЧ/сил роҳандозӣ кардаанд, ширкат меварзанд.    Ба гуфти ҳамин манбаъ, иштирокдорони Конфронс вазъи эпидемиявиро дар соҳаи ВИЧ/сил дар Осиёи Марказӣ ба миён мегузоранд.    Дар рафти Конфронс тадбирҳои пешгирии ин беморӣ, табобат, парастории бемор ва нақши ташкилоти ғайридавлатӣ ва кӯмакрасон дар паст кардани бактерияҳои сил мавриди баҳс қарор мегиранд.  

Октябрь 4, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад