КОРҲОИ ОБОДОНӢ ҚАНОАТБАХШАНД
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаи мазкур як қатор корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ анҷом дода шудааст. Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ ба маблағи 13 млн. 298,2 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ, дар таъмири фонди асосии манзил 1млн. 197,8 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуданд. Соли ҷорӣ дар мавсими кабудизоркунӣ ба ҷои 69,6 ҳазор бех ниҳоли дар нақша пешбинишуда, ба миқдори 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни меваю сояафкан шинонида сабзонида шуданд. Таъмири роҳравҳо дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 182,1 фоиз, таъмири хатҳои барқ -139 ва ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо ба андозаи 115 фоиз иҷро карда шудааст. Айни замон корҳо барои тайёрӣ ба фасли тирамоҳу зимистон дар таъмири дегхонаҳои ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон давом доранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






