ЛАМПАҲОИ ВАТАНӢ РАВШАНТАРАНД

Октябрь 25, 2010 13:38

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар ҶДММ «Сомон»-и шаҳри Чкалови вилояти Суғд истеҳсоли лампаҳои нави каммасрафи 40 ватта ба роҳ монда шуд.Ин 5-умин навъи фурӯзонакҳои каммасраф аст, ки  истеҳсоли он дар корхонаҳои ватанӣ  амалӣ мегардад. Айни замон дар ин коргоҳ 40 нафар занону духтарон ва ҷавонписарони маҳаллӣ  ба кор   фаро гирифта шудаанд.Роҳбарони ҷамъият талаботи аҳолиро ба назар гирифта, ният доранд то охири соли ҷорӣ ду хати нави истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафро ба роҳ моҳ монанд. Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани  хати нав истеҳсоли лампаҳои каммасрафи 60 ва 100 ватта низ ба роҳ монда шуда, ба ин васила теъдоди кормандони коргоҳ ба 60 нафар  мерасад.Бояд зикр кард, ки рӯшноии лампаҳои истеҳсоли ватанӣ  нисбат ба фурӯзонакҳои хитоӣ зиёдтар буда, корхона кафолати истифодаи яксолаи онро медиҳад. Ёдрас мешавем ки корхонаҳои истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф дар ҷумҳурӣ ду адад буда, дигари он дар шаҳри Исфара пурсамар фаъолият дорад ва иқтидори солонаи он аз ҶДММ «Сомон» зиёдтар аст.   

Октябрь 25, 2010 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад