ЛОИҲАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрўз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи «Кўмаки техникӣ ба барномаи дастгирии сиёсати секторалӣ»дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ – компонент оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба Тоҷикистони Иттиҳоди Аврупо семинар баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш кўмаку дастгирӣнамудан ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтаргардонии низоми пешниҳоди хизматрасониҳои сифатноки иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешниҳоди хизматрасониҳои номбурда ба доираи васеи қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ба кўдакони дорои маҳдудиятҳо, ба пирони яккаву танҳо ва ѓайра пешбинӣ шудааст. Дар байни қисматҳои гуногуни фаъолияти худ дар Тоҷикистон, Лоиҳа бастаи ягонаи стандартҳои минималии сифати хизматрасониҳои пешниҳодшавандаро аз рўи намудҳои гуногуни хизматрасониҳо татбиқ карда истодааст. Лоиҳа дар тўли фаъолияти минбаъдаи худ дар бахши пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ стандартҳои мавҷударо аз нав дида баромада, стандартҳои минималии сифати хизматрасониҳои пешниҳодшавандаи навро кор карда мебарояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






