М. РОСИЙД: «ИМКОНОТРО БА НАФЪИ ҲАР ДУ ДАВЛАТ БОЯД ИСТИФОДА БУРД»

Октябрь 12, 2010 10:40

       Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти  ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари ҳайати  парлумонии Индонезия Муҳаммад Росийд Ҳидоят баррасӣ шуд.         Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро бо фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон шинос карда гуфт,  ки вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар тӯли фаъолияти худ бо таҳия ва қабули қонуну қарорҳои муҳим дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа нақши муассир гузоштанд. Мавсуф ташрифи ҳайати парлумонии Индонезияро ба Тоҷикистон фоли нек номида, онро дар тақвияти ҳамкориҳои  самарабахши ҳар ду кишвар қадами устувор арзёбӣ кард.       Муҳаммад Росийд Ҳидоят иброз дошт, ки байни Тоҷикистону Индонезия  имкониятҳои зиёди  робитаҳо дар бахшҳои гуногун вуҷуд доранд ва бояд  ин имкониятро ба нафъи миллату давлати ҳар ду кишвар самаранок истифода бурд.

Октябрь 12, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад