МАҲФИЛИ ЭҶОДӢ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ ва мулоқоти иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Руссия бо устодон ва донишҷӯёни Консерватория сурат гирифт. Маҳфили эҷодиро роҳбари гурӯҳи иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон Шамил Закиров ифтитоҳ бахшида, ҳунармандонро ба ҳамагон шинос намуд. Аз ҷумла, Юрий Розум дар фортепиано, Анна Коряцкая дар скрипка ҳунарнамоӣ карданд. Ғайр аз ин, Светлана Белокон-овозхон, Сергей Тарасов-дирижёр, Дмитрий Дмитриенко-дирижёр, Олга Афанасева-корманди Вазорати фарҳанги ФР ва Андрей Малишев-директори кулли Иттифоқи консертии ФР дар ин маҳфили эҷодӣ ширкат варзиданд, ки устодону донишҷӯёни Консерватория оид ба суруду мусиқӣ саволу ҷавоб карданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






