МАЪЛУЛОНИ ВАРЗИШГАР БО ДАСТИ ХОЛӢ НАОМАДАНД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Аз 15 то 25 –уми сентябри соли ҷорӣ дар дар шаҳри Варшаваи давлати Полша бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи махсуси байни наврасони маълули мамлакатҳои Осиё ва Аврупо оид ба варзиши сабук доир гардид, ки дар он варзишгарони 54 кишвари дунё ширкат варзиданд. Бино ба гуфти мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фазлиддин Фозилов, хатмкардагони Муассисаи давлатии «Литсей –интернати касбии махсуси маълулон»-и вазорати мазкур Фазлиддин Раҳматов ва Баҳриниссо Шарипова дар ин мусобиқа ширкат варзида, сазовори медали биринҷӣ гардиданд ва Парчами Тоҷикистон дар ин Олимпиада ба ифтихори варзишгарони ғолиби Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






