МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 15 октябр. (АИМТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли равон ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 шунида, дар назди онҳо доир ба вусъат додани корҳо ва бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки нақшаҳои тасдиқшуда оид ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти маҳаллӣ, ҷамъоварии пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва корҳои созандагию ободонӣ муташаккилона идома доранд. ҷамъоварии ғалладонагиҳо ба поён расида, ғундучини картошкаю меваҷот, ки ҳосили фаровон доранд, ҳанўз анҷом наёфтааст. Чунонки аз ҳисоботҳо маълум шуд, дар самти омодагӣ ба зимистон низ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт омодагии хуб гирифтаанд. Ба қадри зарурӣ ангишту дигар маводи сўхт дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ захира шуда, нуқтаҳои доимӣ ва сайёри фурўши ангишт ва гази моеъ низ фаъол мебошанд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки нақшаҳои муайяншуда бояд барзиёд иҷро шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии маҳалҳои аҳолинишин ва тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ риояи ҳатмии қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қатъиян талаб намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






