МАВҚЕИ НАЗАРРАСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗОДИИ СУХАН
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ "Ховар", Пайрав Чоршанбиев).- Тоҷикистон дар шумориши ҳарсолаи матбуоти озод, ки аз ҷониби ташкилоти байналмиллалии «Рӯзноманигорони бидуни марз» гузаронида мешавад, нисбат ба соли 2009 2 зина поён фаромада, дар миёни 178 кишвари ҷаҳон ҷойи 115-ро ишғол менамояд. Тибқи ҳисоботи нави имрӯз, 20 октябр нашршуда давлатҳои аз ҳама зиёд барои рӯзноманигорон хайрхоҳ Финландия, Исландия ва Нидерландия мебошанд, ки дар ин шумориш ҷойҳои аввалу аз ҳама болоро ишғол намудаанд. Ҳамчунин, дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои озодтар барои рӯзноманигорон Норвегия, Шветсия, Швейтсария, Австрия, Зеландияи нав, Эстония ва Ирландия дохиланд. Ба даҳгонаи давлатҳои барои рӯзноманигорон номувофиқ Эритрея, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Эрон, Бирма, Сурия, Судон, Чин, Яман ва Руанда дохил мешаванд. Аз байни кишварҳои узви ИДМ мақоми аз ҳама баландро Молдова бо ишғоли ҷойи 75-ум ва Арманистон ҷойи 111-ум соҳибанд. Дар рӯйхат Украина ҷойи 131-ум, Русия-140-ум, Озарбойҷон-152-ум, Белоруссия-154-ум, Қирғизистон-159-ум, Қазоқистон-162-юм, Ӯзбекистон-163-юм ва Туркманистон ҷойи 176-умро ишғол менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






