МАЪЮБОНРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

Октябрь 14, 2010 09:15

      Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар буҷаи соли 2011 барои таъмини маъюбон бо нафақа, кӯмакпулӣ, доруворӣ ва табобат 97 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.          Боис ба ёдоварист, ки барои таъмини нафақа ва дигар кӯмакпулиҳои маъюбон  дар буҷаи соли 2010  ҳамагӣ 84 млн. сомонӣ  маблағ ҷудо  шудааст.  Зиёд   шудани    13 млн. сомонӣ дар буҷаи соли 2011   нисбат ба соли 2010 боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи  ин тоифаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди ҶТ  мебошад.          Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазор нафар маъюбон  ба қайди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   гирифта шудаанд, ки 20 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.          -Дастгирӣ ёфтани лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз ҷониби вакилони  палатаи поёнии порлумон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 1 –уми октябри соли ҷорӣ бозгӯ аз ғамхориҳои навбатии давлати Тоҷикистон дар ҳаққи маъюбон дониста мешавад,- афзуд М. Маҳмадаминов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Октябрь 14, 2010 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад