МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН 6 САНАД БА ИМЗО РАСИД

Октябрь 25, 2010 15:36

 Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафт. Дар Фурўдгоҳи байналмилалии Кобул Сарвари давлати Тоҷикистонро Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Қасим Фаҳим  ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Маросими истиқболи расмӣ ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай истиқбол гирифта, ба майдони баргузории маросими истиқбол даъват намуд. Ба ин муносибат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии давлати Афғонистон саф оростанд. Дар ҳузури сарони ду давлат сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо доданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ба сафари расмӣ ва пазироии самимӣ ва ҳамчунин аз сатҳи баланд ва муколамаи мунтазами раҳбарии ду давлати дўст ба Ҳомид Карзай арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Сарони ду давлат аз афзоиши ҳаҷми мубодилаи моли миёни Тоҷикистону  Афғонистон, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки ин тамоюли мусбат бояд нигоҳ дошта шавад. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии минтақавӣ ва миёни ду кишвари дўсту ҳамсоя зоҳир карда шуд. Густариши робитаҳои савдоию истеҳсолӣ тавассути бозорҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ яке аз чунин роҳҳо номида шуд. Таъкид гардид, ки аз имконоти фаровон барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ низ бояд васеъ истифода бурда шавад. Сарони ҳарду давлат ба густариши ҳамкории энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, аз ҷумла барои ҳарчи зудтар тавассути қаламрави Афғонистон пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон бо кишварҳои Эрон, Покистон ва Туркманистон, ҳавасмандии зиёд нишон доданд. Таҳкими ҳамкории чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия ҳам аз самтҳои афзали равобити судманд номида шуд. Ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дастур дода шуд, ки созишномаҳо дар бораи тиҷорати транзитӣ, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукаратаро таҳия карда, барои ба имзо расондан пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки Созишномаи транзитии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва созишномаҳои ҳамкории гумрукӣ низ ҳарчи зудтар бояд ба имзо расонда шаванд. Ба имзо расондани созишномаҳои байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ду кишвар низ аз арсаҳои судманди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки дар 6 моҳи соли 2010 беш аз 100 нафар донишомўзон ва кормандони сохторҳои сарҳадӣ, полиси маводи мухаддир, гумрук, мақомоти дохилӣ ва 300 нафар кормандони тиббии Афғонистон курсҳои омўзиширо дар Тоҷикистон сипарӣ намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон илова бар ин изҳор дошт, ки «Мо омодаем ҳар сол то 100 нафар донишомўзони Афғонистонро дар Коллеҷи тиббии Тоҷикистон бо пардохти имтиёзӣ  бипазирем». Бо ишора ба зарурати таҳкиму густариши ҳамгироии миёни сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва дифоии ду кишвар таъкид гардид, ки ин сохторҳо бояд равобити мунтазам ва ҳамкории натиҷабахш дошта бошанд, ба хусус дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон. Ба густариши ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба татбиқи амалии санадҳои дар иҷлосияи 37-и Шўрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ қабулшуда, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд. Баъди анҷоми музокироти расмӣ маросими имзои санадҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гашт, ки зимни он дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай 6 санади нав ба имзо расид. Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба; Созишнома миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёи Панҷу Ому; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энерҷӣ ва оби Афғонистон; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Зимни нишасти матбуотӣ, ки сарони ду давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоти хосса ва музокироти расмии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки «ин сафар оғози марҳалаи нави муносибатҳои дўстонаи ду давлат мегардад». Зимни сафари дурўзаи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул ҳамчунин бо  Раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Муҳаммад Юнус қонунӣ, Раиси Шўрои Олии Сулҳи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ ва бо дигар шахсиятҳои намоёни ин кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.   

Октябрь 25, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад