МУҲОКИМАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР МАСКАВ

Октябрь 11, 2010 15:52

Маскав, 11  октябр (АМИТ ”Ховар”, Ҳалима Хушқадамова).- Пагоҳ, 12 октябр дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбарони баландпояю маъмури ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва СААД доир мегардад. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» хабар дод.    Сергей Лебедев афзуд, ки тӯли солҳои зиёд Кумитаи иҷроияи ИДМ ва котиботи СААД вобаста ба васеъ намудан ва таҳкими ҳамкориҳо бо ташкилотҳои дигари байналмиллалие, ки бо ҳам барои таъмини фазои амният фаъолият менамоянд, тадбирҳои амалӣ андешиданд.    Тадбирҳои андешидашуда ба он оварда расонид, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар мулоқоти дар Алмаато баргузор гардида, дар қатори роҳбарони мақомоти иҷроияи ИДМ, СААД, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ҳамчунин, ҳайати роҳбарикунандаи НАТО, Иттиҳоди Аврупо, СММ ва САҲА иштирок намуданд.    «Мо масъалаи ҳамкориҳоро оид ба самтҳои гуногун ба таври ошкоро баррасӣ намудем. Ҳамон вақт идеяи идома додани таҷрибаи гузаронидани чунин мулоқот тавлид ёфт. Мо боварӣ дорем, ки дар шаҳри Маскав дар ҳамин мулоқот дар мавриди таъмини амнияти байналмиллалӣ метавонем ба пуррагӣ сӯҳбат намоем», — зикр намуд Сергей Лебедов.    Муншии генералии СААД Николай Бордюжа, Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, котиби генералии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё Тоҳир Мансуров, котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Муродбек Имоналиев дар рафти мулоқот вазъиятро дар минтақаҳои аврупоӣ ва саъю талоши ин ташкилотҳоро барои таъмини амнияти ин минтақа муҳокима менамоянд.  

Октябрь 11, 2010 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад