МУЛОҚОТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ЮНУС ҚОНУНӢ
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Юнус Қонунӣ мулоқот намуд. Дар вохўрӣ асосан ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ва Афғонистон кишварҳои меҳварии Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳамкории созанда ва амалии минтақавӣ дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо барои кишварҳои мо аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бо назардошти ин, мо ба тавсеа ва рушди ин ҳамкорӣ таъкиди доимӣ дорем», — таъкид дошт зимни сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар омодагии устувор таъкид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






