МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Ҳ. ҲОШИМИЁН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо роҳбарии Ҳусейн Ҳошимиён,- вакили Маҷлиси Шўрои Исломии ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. «Муносибатҳои дўстонаи мо хислати мунтазам, ҳадафманд ва тақрибан фарогир пайдо намуда, ба манфиатҳои олии ҳарду кишвар беш аз пеш созгору ҷавобгў мешаванд», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ҳамзамон таъкид гардид, ки «ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҳанўз имконоти истифоданашудаи зиёд дорад ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо нақши парлумонҳои ду кишвар басо муҳим аст». Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки «солҳои охир Тоҷикистону Эрон дар муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию техникии худ ба марҳилаи ҳамкории бунёдии стратегӣ ворид шудаанд». Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимистони ҳамин сол чархи якуми нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 ба кор дароварда мешавад ва дар ояндаи наздик бо ҳамдастии дуҷониба бунёди дигар нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон низ оғоз меёбад. Зимни баррасии масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон таъкид гардид, ки корҳо баҳри пайвастани шабакаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионии се кишвар бояд вусъат дода шаванд. Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, пеш аз ҳама ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони се кишвар ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равона мебошад. Зимни сўҳбати ошкору созанда Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари муносиботи дўстона ва ҳамкории гуногунҷанба таъйид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






