МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО НИК ТЕССИМАН

Октябрь 20, 2010 14:06

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат бо қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 44 лоиҳа бо сармояи умумии 100 миллион евро амалӣ мешаванд ва 10 лоиҳаи дигар бо 70 миллион евро дар ҳоли таҳияшавӣ қарор доранд. Аз фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва дастгириҳои молиявию ҳуқуқии  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои густариши ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри боло бурдани имконоти қарздиҳии онҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорони кишвар, зоҳир карда шуд. Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли кишоварзӣ, энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия аз роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатии коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, сохтмони иншооти энергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ ба манфиати ҳарду ҷониб ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии афзояндаи худро ба густариши ҳамкории судманд таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 20, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад