МУЛОҚОТИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БО АБУТОЛИБ АХМЕДОВ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 11 октябр сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абутолиб Ахмедов мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои барои ҳар ду давлат афзалиятдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қазоқистон пайваста барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо талош менамоянд, вале дар ин самт ҳанӯз ҳам имконоту захираҳои истифоданашуда зиёданд. Ҳар ду ҷониб баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон ва форуми соҳибкорони ду давлатро, ки тибқи нақша даҳаи севвуми моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карданд. Дар вохӯрӣ, инчунин, масоили ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои об, аз ҷумла, таҳияи лоиҳаи Созишнома «Дар бораи сохтмони хатти интиқоли барқи 500 Кв Хуҷанд-Датка-Алмаато» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, Оқил Оқилов ва Абутолиб Ахмедов оид ба сафари расмии ба нақша гирифташудаи Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ва фарогирии барномаи сафари мазкур табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






