МУРҒОБИҲО ХОНА МЕСОЗАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Мурғоб бо қувваи худи сокинони маҳаллӣ сохта мешаванд. Айни ҳол ҳанӯз 8 оила дар хаймаҳои муваққатӣ, ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии амрикоии хайриявии «Фокус» дода шудаанд, зиндагӣ доранд. Бино ба гуфти котиби матбуотии раиси вилоят Шоҳтолиб Шоҳқосимов, раиси ВМКБ Қодири Қосим дар доираи сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасти вилоят бо рафти корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ, ки бар асари селоб 7 –уми августи соли ҷорӣ 177 хоҷагӣ зарар дида буд, шинос шуд. Қ.Қосим аз ҳисоби фонди эҳтиётии раиси вилоят ба андозаи 1,5 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маъмурияти ноҳия – 1 ва аз ҳисоби кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят 4,4 ҳазор сомонӣ барои 8 оила, ки хонаҳояшон тамоман хароб гардида буданд, ҷудо намуд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, барои оилаҳои зарардида дар ҷои бехавфтарини маркази ноҳия қитъаҳои замини сохтмонӣ ҷудо карда шудааст. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






