НӮҲ МОҲ БАРОИ ҶИНОЯТКОРОНИ ПОЙТАХТ

Октябрь 1, 2010 09:29

 Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи ташкилӣ — назоратии  Раёсати ВКД полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, дар 9 моҳи соли 2010  дар шаҳри Душанбе 2318 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 2 ҳазори он кушода шудааст.    Ба гуфти Қ. Ғуломов, кушодашавии ҷиноят дар шаҳри Душанбе 92,4 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо аз 23 –юми август то 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе 298 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин аллакай 283 ҷиноят кушода шуда,  нисбат ба  15 ҷинояти кушоданашуда тафтиш  бурда мешавад, ки аз инҳо 12-тояш дуздӣ, 2-тояш ғоратгарӣ ва 1 куштор мебошад.     Зиёд  шудани дараҷаи кушодани ҷиноят ба пурзӯр кардани назорати иҷрои хизмат аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД  вобаста  гардид.    Ба гуфти Қ.Ғуломов шуурнокии шаҳрвандон низ ба кушодани ҷиноятҳо мусоидат мекунад. Шаҳрвандон дар бораи ҷиноятҳои содиршуда   ба шӯъбаю раёсатҳои ВКД хабар медиҳанд ва гурӯҳи зудамал сари вақт ба ҷ ойи ҳодиса ҳозир мешавад. Муҳимаш он аст, ки аз аввали соли ҷорӣ вазъият дар шаҳр зери назорати махсус қарор дорад.      

Октябрь 1, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад