НАШРИ ТОЗАИ «АДИБ»

Октябрь 7, 2010 13:33

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Нашриёти «Адиб» маҷмӯи ҳикояҳои адибони Ҳиндустонро бо номи «Нафири Ҳинд» аз чоп баровард. Китоб дастагули зебову муаттареро мемонад, ки аз бӯстони ҳамешасабзи адабиёти мулки афсонавии Ҳиндустон омода гардидааст. Бояд гуфт, ки ҳикояҳои маҷмӯаи мазкурро шоираи ширинкаломи тоҷик Рафоати Саидаҳмад аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст Ҳамчунин, чанде қабл  тариқи нашриёти «Адиб» китоби «Тарбият» ба нашр расид.Муаллифи ин китоб орифи бузург, имомзода, профессор Иноятхон, зодаю парвардаи шаҳри Бороди Ҳинд мебошад.Китобҳои ӯ «Намунаҳои мусиқии Ҳинд», «Ба сӯи фурӯғ» ва ғайра дар асоси сӯҳбату суханрониҳояш аз ҷониби шогирдону ҳаводоронаш таҳия шудаанд. Рисолаи «Тарбият»  асарест, ки хондану баҳра бурдан аз он барои ҳар кас шарт аст. Ин асар ҳам барои омӯзгору сиёсатмадор, ҳам барои деҳқону бозаргон ва  ҳам барои олиму ориф яксон муфид аст. Китобро адиби тоҷик Юнус Юсуфӣ тарҷума ва таҳқиқ намудааст.

Октябрь 7, 2010 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад