НАССОҶОНИ ТОҶИК ДАР ИНТЕРТЕКСТАЙЛ

Октябрь 18, 2010 15:19

         Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ҷиҳати боздиди яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии нассоҷӣ – 16 –умин намоишгоҳи байналмилалии матоъ ва тавлидоти нассоҷии мавсум ба «Интертекстайл Шанхай -2010» субҳи 18 октябр  вориди Шанхай  гардид.           Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии ин сафар омӯзиш ва хариди намудҳои лозимаи матоъ ва дигар маводи хоми нассоҷӣ мебошад. Мавсуф меафзояд, ки ин сафар барои намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то талаботи бозори ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро биомӯзанд ва бо тамоюлҳои замонавии ин бозор шинос бишаванд, бо тавлидкунандагони дигар кишварҳо дидор баргузор намуда, робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд.                Намоишгоҳи «Интертекстайл Шанхай -2010» бузургтарин ҳамоиши тавлидкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад ва дар он 2500 ширкат аз 20 кишвари дунё ба мисли Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Олмон, Итолиё, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд, Туркия, Тайван бо шумули брэндҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳо ширкат намуда, маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод месозанд. Намоишгоҳи байналмилалии Интертекстайл Шанхай -2010  чор рӯз- аз 19-ум то 22-юми октябри соли идома меёбад.          Алҳол,  Чин бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад.  

Октябрь 18, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!