НАВЪҲОИ НАВИ МЕВАЮ АНГУР
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, Пажӯҳишгоҳ барои навъҳои нави шафтолуи «Зарнигор» ва пиёзи барвақтии «Аброрӣ» сазовори ду патент гардид. Навъҳои офаридаи ноки «Дилрабо», шафтолуҳои «Нурафшон», «Лаъл», «Зардсеби тирамоҳӣ», чормағзи «ФТ – 6/26», зардолуҳои «Шифо» ва «Нишонӣ», навъҳои ангури «Ваҳдат» ва «Сарвар» ба комиссияи давлатии озмоишӣ пешниҳод гардиданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани корҳои селексионӣ аз навъҳо, шаклҳо ва пайвандҳо ду навъи анор ва як навъи анҷир, ки аз навъҳои пешини худ фарқ мекунанд, барои озмоиш ба Комиссияи давлатии озмоишӣ пешбарӣ шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






